31 январ Ҷашни Сада баргузор мегардад

Имсол Ҷашни Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи нақша – чорабиниҳои  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷашни Сада намоши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, афрухтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дарназар аст.

Дар маълумотномаи Вазорати кишоварӣ гуфта шудааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 санаи 31 январи соли 2021  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе “Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ” баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *