Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода мағлуб шуданд

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков  ва  Беҳрӯз Хоҷазода аз ҳаққи идома додани рақобат дар мусобиқаи Мастерси ҷудо дар шаҳри Доҳаи Қатар маҳрум шуданд.

Дар даври якуми мусобиқаи Мастерси ҷудо Сомон Маҳмадбеков бо чемпиони Гран При Будапешт-2019 Акил Гяков аз Косово ҳунарнамоӣ карда, дар вақти изофа Акил Гяков бо бартарияти як имтиёз ба даври дуюм роҳ ёфт.

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода аз рақиби худ Виктор Стерпу – қаҳрамони феълии Аврупо дар даври якуми мусобиқаи Мастерс мағлуб шуд. Тавре сомонаи “Варзиш” мегӯяд, рақобатро Беҳрӯз хело хуб оғоз кард, аммо Виктор Стерпу паҳлавони тоҷикро буғӣ карда, роҳхати даври дуюмро ба даст овард.
Иштирокчии охирини Мастерс аз Тоҷикистон Темур Раҳимов (+100 кг) пагоҳ бо Стефан Ҳегйи аз Австрия рақобат мекунад.

Тавре қалан хабар дода будем, шурӯъ аз 11 январ ин мусобиқа оғоз гардида, дар рӯзи аввал, ки рақобатҳо хело пуршиддат ва диданӣ сурат гирифтанд, варзишгари мунтахаби Косово Дистрия Красники ғолиби Мастерс дар соли 2019 рақибони худ Маруша Штангар (СЛО), Катарина Кошта (ПОР), ва Мелан Клеменро мағлуб карда, ба финал баромад. Дар финал Красники бо Фуна Тонаки (ҶОП) вохӯрда, медали тиллои сеюми худро дар Мастерс ба даст овард.

Ба навиштаи сомонаи телевизиони «Варзиш» дар вазни сабук ҳунарнамоӣ барои фаворитон Роберт Мшвидобадзе (РОС), Франсиско Гарригос (ИСП), Шарофуддин Лутфуллоев (УЗБ) ва Йелдос Сметов (ҚАЗ) вазнин паси сар гардид.

Янг Йунг Вей (ТАЙ) ҷоизадори Гранд Слем 2020 дар финал бо бо қаҳрамони Гран Прии Тел Авив-2020 рубару шуд. Дар финал қувваи ҳарду гӯштингир баробар буд, аммо Ким дар охир бо як партофти худ иппон карда, тавонист соҳиби медали тилло шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *