Деҳаи «Ҳосилот»–и ноҳияи Кӯшониён ғолиби мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 22 то 26 декабр дар шаҳри Душанбе доир шуд, дастаҳои деҳаи «Хумбивалӣ»-и ноҳияи Дарвози ВМКБ, деҳаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, деҳаи «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, шаҳраки «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод, деҳаи «Боғистон»-и шаҳри Ҳисор ва маҳаллаи «Яккачинор»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе байни ҳам мубориза бурданд. Дар он дастаи деҳаи «Ҳосилот»- и ноҳияи Кӯшониён бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид.
Дастаи шаҳраки «Дарбанд»–и ноҳияи Нуробод ҷойи дуюм ва дастаи деҳаи «Хумбивалӣ»–и ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Ба дастаҳои ғолиб мукофоти пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи аввал маблағи 10 000 сомонӣ, зинаи дуюм 7 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба 5 000 сомонӣ тақдим гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.