Таъсири назарраси тағирёбии иқлим ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз бошад ҳам, аммо таъсири тағирёбии иқлим дар навбати худ ба ин кишвар назаррас аст.

Ин нукта дар ҷаласи гурӯҳи кории Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон садо дод. Инчунин, гуфта шуд, ки вусъати тавонмандӣ ва иқтидори миллӣ дар коҳиш додан ва мутобиқнамоии он ба тағйирёбии иқлим дар раванди татбиқи Созишномаи Париж беҳад муҳим мебошад.

Бояд зикр кард, ки соли 2015 Тоҷикистон Созишномаи Париж вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, инчунин мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлимро ба имзо расонид. Тибқи талаботи созишнома ҳар як кишвари аъзо вазифадор аст, ки ҳар панҷ сол нақшаҳо ва ҳадафҳои хешро оид ба тағирёбии иқлим, ки ба ҳайси саҳмгузории тахминии муайяншудаи миллӣ маъруф мебошанд, ирсол ва пешниҳод намояд. Тоҷикистон нахустнақшаҳояшро дар соли 2015 пешниҳод намуд, ки дар он ҳадафи тахминииаш коҳиши на зиёдтар аз 80-90 фисади партовҳои газии гулхонаии соли 1990 то соли 2030 мебошад.

Хотирасон мекунем, ки чанде пеш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш вазъияти изтирории иқлимиро дар рӯйи ҷаҳон эълон кард.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *