Акрам Каримӣ дар Ҷидда бо Созмони ҳамкории исломӣ вобаста ба абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 табодули назар карданд.
Масоили мазкур зимни супоридани эътимодномаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин баррасӣ шуданд.
ВКХ хабар додааст, ки ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтории он баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.