24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи иқдомоти созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуда, қадами устувор дар самти татбиқи амалии стратегияи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар пойтахти кишвар мебошад.
Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дод.
Хатҳои истеҳсолӣ, ки насли нави технология мебошанд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид карда шуданд. Дастгоҳу таҷҳизоти воридотӣ дар минтақа камназир буда, барои нозуку пурҷило ва мутобиқ ба дизайну мувофиқ ба талаботи мизоҷон тарошидани сангҳои мармару хоро мусоид мебошад. Барои кор бо ин таҷҳизотҳо теъдоди муайяни кормандону мутахассисон дар хориҷи кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аксарият дастгоҳҳо таҷҳизоти бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногуни вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешаванд.
Лозим ба зикри хос аст, ки танҳо барои аз хориҷа ворид кардани маҳсулоти аз сангҳои мармару хоро омодашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як сол зиёда аз 28 миллион доллар хараҷот мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати то панҷ соли оянда бо мавриди коркарди васеъ қарор додани сангҳои маҳаллии Тоҷикистон, аз қабили мармар, хоро, гранит, травертӣ ва ғайраҳо талаботи бозори дохилӣ комилан таъмин карда шуда, тавассути афзоиш додани иқтидори содиротӣ эҳтиёҷоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ин гуна маҳсулот ба пуррагӣ бароварда хоҳад шуд.
Иқтидори солонаи ин корхонаи тавлидотӣ 150 ҳазор метри мураббаъ санги ороишиву сохтмониро ташкил дода, дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз қабили тахтасангҳои ороишӣ аз мармар ва хоро, зинапояҳои сангин, сафолакҳои гуногун аз хоро, (баляска) тобаҳои ороишӣ, сутун ва шоҳсутунҳо, сангҳо бо ороиши бадеӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад.
Ба иттилои роҳбарияти Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис” бо ба кор оғоз кардани ин иншоот 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи коркарди санги хоро ва мармар иборат буда, он вобаста ба талаботи бозори дохилӣ бунёд гардидааст. Маҳсулоти корхона, ки асосан дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол карда мешавад, таъиноти ивазкунандаи воридотиро дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароитҳои мавҷудаи корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти саҳмгузории бештар ҷиҳати шукуфоии Ватан муассир арзёбӣ карда, ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат муфид хонданд.
Мавриди зикр аст, ки бино ба вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ва қаламрави ҷумҳурӣ, талабот ба маҳсулоти сохтмонию ороишӣ, аз ҷумла сангҳои мармару хоро хеле зиёд мебошад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс”, ки аз ширкатҳои муваффақи ватанӣ дар бахши сохтмони хонаҳои баландошёна, иншооти азими таъиноти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳо маҳсуб меёбад, вобаста ба талаботи бозори сохтмонӣ иқдоми таъсиси ин корхонаро рӯйи даст гирифт.
Инчунин талабот ба сангҳои баландсифати ороишӣ, аз ҷумла мармару хорои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат зиёд мебошад. Аз ин хотир, тасмим аст, ки дар ояндаи наздик бо омӯхтани бозори хориҷӣ, содироти маҳсулот ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Дар Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис” ҳамаи шароитҳои истеҳсолӣ фароҳам карда шуда, кор дар он тавассути технологияи муосир роҳандозӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки сангҳои табиӣ дар шаклу андозаҳои мухталиф коркарду омода шаванд ва ҳам бо дизайни ҷолибашон зинатбахши бинову иншооти таъиноти гуногун бошанд.
Инчунин дар ин рӯз дар дохили корхонаи коркарди сангҳои мармару хоро дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе коргоҳи истеҳсоли қубурҳои ҳавогузаронӣ аз варақаҳои рӯҳандуд мавриди баҳарабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин коргоҳ бо шаклу тарҳ ва андозаҳои гуногун тавассути пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти насли нав қубурҳои ҳавогузаронӣ барои иншооти азим истеҳсол карда мешаванд. Бояд гуфт, ки то ин замон воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷа сурат мегирифт ва арзиши баланд низ дошт. Акнун фармоишгарон метавонанд мутобиқ ба стандарт ва ҳаҷму андоза қубурҳои ҳавогузарониро аз ҳамин ҷо дастрас намоянд. Дар ин коргоҳ бошад, 20 нафар мутахассисон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар умум дар ин рӯз, танҳо аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” 170 ҷойи корӣ барои шаҳрвандон муҳайё карда шуд. Зимнан роҳбарияти ин ширкати сохтмонӣ тасмим доранд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик корхонаи азими истеҳсоли серанитро дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иқтидори калони истеҳсолӣ бунёд кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати ватании “Строй комплекс” дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда, ҳаҷми истеҳсолотро бо инобати талаботи бозорҳои дохиливу минтақавӣ афзоиш диҳанд.