Паёми «Тоҷикистон»: Рӯнамоии  саҳмияҳои НБО «Роғун» баргузор гардид

Имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 360-умин рӯзи соли 2020 аст.

Обу ҳаво

  • Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабр дар дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво -2+3, рӯзона 3+8° гарм мешавад. Ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 1+3° гарм, рӯзона 8+10° гарм пешгӯӣ шудааст.
  • Ҳавои тағйирёбанда дар ВМКБ гуфта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 1-6° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 26-31 хунук, (дар мавзеи Булункӯл 38-40 хунук), рӯзона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 хунук мешавад. Ҳаво дар шаҳри Хоруғ шабона 10-12° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад.
  • Гуфта мешавад, ки имрӯз дар дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.
  • Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво барои 25 декабр дар НТҶ – ро абрнок гуфтааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 хунук, (дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 хунук), рӯзона -3+2 мешавад. Дар пойтахт ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Қурби асъор

  • 1 доллари ИМА — 11.3000  сомонӣ;
  • 1 евро – 13.7804 сомонӣ;
  • 1 рубли русӣ — 0.1513  сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

  • 25 декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ба имзо расид;
  • Дар ҳамин рӯзи соли 2009 дар пойтахти  Тоҷикистон маросими рӯнамоии  саҳмияҳои НБО «Роғун» баргузор гардид;
  • 25 декабри соли 2019 хабар дода шуд, ки Маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуд;
  • Дар Ангола – Рӯзи оила.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *