Кормандони сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок дар нонвойхонаҳо ва ҳаммоми хусусии ноҳияи Сино истифодаи ғайриқонунӣ ва масрафшавии барзиёди неруи барқро ошкор намуданд.
Аз ҷумла, дар ҳаммоми хусусии мансуб ба соҳибкор Мусаввир Сафаров гарчанде ҳисобкунаки барқӣ дар ҳолати корношоям қарор дорад, вале соҳибкор аз таҷҳизотҳои гармидиҳандаи баландшиддат барои гарм кардани ҳаммом фаровон истифода карда истодааст. Илова бар ин, кабелу ноқилҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор дорад.
«Дар ошиёнаи 2-юми ҳаммомхона 17-нафар донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ иҷоранишин мебошанд, ки барои гарм намудани ҳуҷраҳояшон аз асбобу таҷҳизоти гуногуни барқии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва берун аз ҳисобкунаки барқӣ васеъ истифода менамоянд. Барои муайян намудани он, ки чанд муддат мешавад соҳибкор берун аз ҳисобкунаки барқӣ неруи барқро истифода менамояд, корҳои санҷишӣ идома дорад», – омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, дар дукони нонпазии соҳибкор Ёқуб Ҳоҷаев, воқеъ дар ноҳияи Сино ошкор карда шуд, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ соҳибкор дар ду танури аз спиралҳои баландшиддат ва бе ҳисобкунаки барқӣ, яъне бо роҳи дуздӣ давоми чор моҳи охир истифода менамояд. Бар замми ин соҳибкор аз истифодаи неруи барқ, ки қаблан тавассути ҳисобкунак мекардааст, зиёда аз 5000 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Дар сомонаи ВКД гуфта мешавад, ки бархе соҳибкорон бо тарзу усулҳои нав, аз ҳар гуна асбобҳои техникӣ ҳамчун таҷҳизоти спирал истифода менамоянд, ки шиддатнокии он баланд буда, масрафи барқ дар онҳо зиёд аст. Аз ҷумла, соҳибкор Холов Афзалшо дар дукони нонпазиаш барои омода намудани маҳсулоти нонӣ дар се танур аз спиралҳои худсохти баландшиддати барқӣ истифода намудааст. Ҳолати мазкур ташвишовар буда, имкон дорад, ҳар лаҳза ҳодисаҳои сӯхтор ба амал ояд. «Ҳамчунин соҳибкор аз маблағи истифодаи неруи барқ наздики 10 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад».
Маркази матбуотии ВКД аз ҳамин гуна ҳолати дигар дар дукони нонпазӣ хабар додааст. Дар дукони нонпазии «Раъно Трединг» масрафи зиёд неруи барк ошкор карда шуд. «барои омода намудани маҳсулоти нонӣ дар ин дукон дар 2-адад танур таҷҳизоти худсохти барқи баландшиддат пайваст карда шудааст, ки талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар онҳо умуман риоя намешаванд»- омадааст дар хабар.
Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати соҳибони ин дуконҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода, фаъолияти соҳибкориашонро муваққатан қатъ карда шуд.