21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои асосии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе аз ҳафт ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа ва унсурҳои меъмории миллӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Таъкид шуд, ки ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.
Дар ин муассисаи тандурустӣ 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла катҳои махсус барои бемориҳои сӯхта, дастгоҳи сайёр барои шустушуйи беморон, барокамераи сайёр, дастгоҳи лазерии табобати оқибатҳои сӯхта, дастгоҳи лазерии лифтинги табобативу косметологӣ, дастгоҳи ултрасадои табобатию барқарорсозии бемориҳои сӯхта, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ барои рўдаву меъда, видеоэндоскопӣ ва видеобронхоскопи сайёр аз навгониҳои иншоот аст, ки таҷҳизоти насли нав буда, бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Ҳамзамон рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудаанд, ки барои хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида мешаванд.
Дар беморхона 62 нафар табиби соҳибтахассус ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳои гуногун таҷрибаи баланд доранд.
Дар дигар ошёнаҳои беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудаанд.
Бо фарох гардидани имкониятҳо дар бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи бемориҳои асаб, осебшиносӣ ва ортопедии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд.
Дар беморхона гӯшаи гиёҳҳои шифобахш низ ташкил карда шудааст, ки дар он бо истифода аз ин неъматҳои табиати Тоҷикистон нушобаҳо омода карда мешаванд.
Беморхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 60 курсӣ ва ошхона бо 108 ҷойи нишаст мебошад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди беморхона таваққуфгоҳ низ сохта шудааст.
Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд гашта, саҳн ва атрофи он ободу сабзкорӣ ва бо насби чароғакҳои ороишӣ ба симои шаҳри дилорои Душанбе зебоии тоза зам намудааст.
Табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои доимӣ нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипос намуданд.
Бо муҳайё гардидани чунин шароити муосиру сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ, минбаъд шаҳрвандон метавонанд тамоми навъҳои ташхису табобати бемориҳоро дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин барои ҳифзи сиҳатии аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони беморхона ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуб бо беморон дастуру тавсияҳо доданд.