Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки соҳаи кишоварзӣ метавонад, зиндагии шоистаро таъмин намояд. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2021-ум беш аз 270 миллион сокини сайёра ба мушкилоти ғизоӣ мувоҷҷеҳ мегардад. Бодарназардошти он, ки истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, ки аз роҳҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва танзими нарх дар бозорҳо мебошад, чанде пеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вусъат бахшида шаванд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Курбонали Партоев дастури мазкурро саривақтӣ медонад ва мегӯяд, ки «ба хотири самаранок истифода бурдани замин якҷанд омилро бояд амалӣ кард, аввал ин ки байни деҳқонон таҷрибаивазкуниро ба роҳ монд, дигар, бояд аз обёрии катрагӣ истифода бурда, саривакт киштгардон намуд ва ҳамзамон аз нуриҳо самаранок истифода кард».
Дар хамин ҳол Ёқубҷон Уроқов – корманди Академияи Илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мушкилоти самаранок истифода накардани заминро ба ду чиз рабт медиҳад-якум ҳангоми шудгор кардани замин истифода набурдан аз нуриҳои минералӣ ва дуюм интихоби нодурусти тухмӣ.
Баҳодур Назаров- сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки кишоварзони мамлакат дастури Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, бо захиранамудани тухмиву анҷом додани корҳои агротехникӣ ба мавсими соли 2021 замина гузошта истодаанд
Истифодаи мақсадноки замин, риояи меъёрҳои агротехникӣ ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меовард, ки барзгар ҳосили фаровони сабзавоту полизӣ рӯёнда, сатҳи зиндагии худро баланд ва бозори истеъмолиро ғанӣ намояд. Ба ибораи дигар аз заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи замин дастархони аҳолӣ пурнозу неъмат мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо масъулони соҳа, алалхусус кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёндани ҳосили баланд ва гузарондани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёндани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тарутоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маводи ғизоӣ қонеъ созад.
Муродулло Раҳимов,
радиои «Тоҷикистон»