Имрӯз дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе чорабинии хотимавӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, Форуми «Занон, сулҳ ва амният» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид.
Зимни ифтитоҳи Форум таъкид гардид, ки ин форум ҳамчун минбари муҳими минтақавӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба миёни занони минтақа хизмат мекунад.
Дар чорабниӣ натиҷаҳои фаъолияти сол ҷамъбаст гардида, фазои муносиб барои баррасии дастовардҳо ва мушкилот, ҳамчунин муайянсозии қадамҳои минбаъда дар самти татбиқи рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният» дар Осиёи Марказӣ фароҳам оварда шуд. Инчунин дар раванди Форум гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар доираи рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният», баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи нақши занон дар масъалаҳои сулҳ ва амният, густариши иштироки занон дар ташаббусҳои сулҳофарии миллӣ ва байналмилалӣ, таҳияи тавсияҳо барои пешбурди минбаъда, тарғиби таҷрибаҳои муваффақи занони сулҳофар дар минтақа, омода намудани изҳороти ниҳоии муштараки Муколама ва супоридани раёсат ба кишвари навбатии иштирокчии Муколама мебошад.
Дар доираи Муколама ба таҳкими ҳамкорӣ тавассути мубодилаи таҷриба, ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, дастгирии занон, рушди қобилияти онҳо ва густариши ҳамкории минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»
