Ба рӯзноманигорони соҳаи тиб шаҳодатномаи хатми курси тиббӣ супорида шуд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатнома ба рӯзноманигороне баргузор гардид, ки дар доираи машғулиятҳои омӯзишии Академияи ВАО курси такмили ихтисосро вобаста ба масъалаҳои тиб ва тандурустӣ ба анҷом расониданд.

Дар маросим роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академияи ВАО, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии рӯзноманигорон, бахусус дар самти таҳия ва пешниҳоди дурусти маводи марбут ба соҳаи тиб ва тандурустӣ, аҳамияти муҳим дорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни курси такмили ихтисос шаҳодатномаҳо супорида шуданд.