Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат

Дар идомаи расидани номаҳои табрикӣ ба муносибати Зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ворид гардид, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Президент, Бародари азиз,

Ба муносибати зодрӯзатон аз номи миллатам ва шахсан худам аз сидқи дил табрик намуда, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ ва умри дарози босаодат орзумандам.

Ман самимона боварӣ дорам, ки равобити наздики дӯстонаи мо, ки аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои муштараки мо сарчашма мегирад, бо талошҳои муштарак ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба боз ҳам таҳкиму васеътар хоҳад гардид.

Бинобар ҳамин аз истиқболи Шумо бародари гиромӣ дар кишварамон ҷиҳати иштирок дар Саммити роҳбарони СОР31, ки он санаҳои 11-12 ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, хушнуд хоҳам гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб барои тансиҳативу саодатмандии Ҷаноби Олӣ ва рифоҳу осоиштагии мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳтарин таманниётро мерасонам».

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.