11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “AKIA ULTRA LE8” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.
Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуд.
Тибқи нақша, корхонаи муштарак то охири соли равон дар маҷмӯъ 50 адад автобус истеҳсол ва ба корхонаҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳад.
Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5” истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати “Мерседес Бенс” ва ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik” мебошад. Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ ворид карда мешавад.
Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.
Дар қисми болоии дохили автобусҳои нав мониторҳои калонҳаҷм насб шудааст, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 250 то 300 адад автобус буда, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад.
Феълан дар ин корхона 6 хати истеҳсолӣ, аз ҷумла кафшергарӣ, рангмоливу рӯйпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, банду басти механикию электрикӣ ва хати назорати ниҳоии сифат мавҷуд мебошад.
Ҳар як хати истеҳсолӣ бо технологияҳои замонавӣ ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2018 аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштарак 200 ва соли 2019, 100 адад автобуси харидоринамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки айни замон дар хатсайрҳои пойтахт хизматрасонӣ менамоянд, банду баст гардидааст.
Дар нақша аст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар ин корхона истеҳсол шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи “Акиа” бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ, сарфаи сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодаи автобусҳо мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.
Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.
Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд.
Ҳамчунин троллейбусҳо технологияи навини категорияи сеюм буда, бо муҳаррики нерӯи ҷараёни тағирёбанда қабулкунанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонида шудааст.
Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи AKIA ULTRA LE8 омодаи кор мегардад.
Зимни муаррифии троллейбусҳои нав иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди истеҳсоли ин навъи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар заминаи корхонаи «Акиа Авесто» дар шаҳри Душанбе пурра ба роҳ монда мешавад. Троллейбусҳои истеҳсоли ватанӣ бо ғунҷоиши 100 ҷой барои мусофирон пешбинӣ гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифода имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
http://president.tj/