ДОВТАЛАБОН ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСӢ КОМЁБГАРДИДА БОЯД ТО 5 АВГУСТ ҲУҶҶАТҲОЯШОНРО СУПОРАНД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон қабул шудаанд, муроҷиат кардааст, ки , бояд то 5-уми август ба муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбии интихобшуда ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд.

Агар довталаб бо сабаби узрнок дар ин муҳлат ҳозир шуда натавонад, ӯ бояд пеш аз 5-уми август муассисаи таълимиро тавассути намояндаи худ огоҳ карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

ММТ таъкид мекунад, ки агар довталаби қабулшуда то 6-уми август ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул пешниҳод накунад, ӯ аз ҳуқуқи таҳсил аз рӯи ихтисоси тақсимшуда маҳрум шуда, танҳо метавонад дар тақсимоти баъдӣ ё давраҳои дигари бақайдгирӣ иштирок кунад.