Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июли соли 2026 натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ эълон менамояд.
Тавре Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад, дар озмуни тақсимоти асосӣ танҳо довталабоне иштирок мекунанд, ки аз ҳамаи субтестҳои ҳатмӣ холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.
Натиҷаи озмун ба ҳар як довталаб тавассути паёмак (SMS) ирсол мегардад. Агар довталаб ба ихтисоси интихобкардааш роҳ ёбад, дар паёмак номи ихтисос, шакл ва намуди таҳсил, инчунин номи муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад. Дар ин сурат, ӯ бояд то 5 августи соли 2026 барои ҳуҷҷатсупорӣ ба муассисаи таълимии таъйиншуда ҳозир шавад.
Дар ҳолате ки довталаб аз рӯи интихоби худ нагузарад, ӯ метавонад дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намояд. Барои ин бояд аз 11 то 13 августи соли 2026 аз нав худро ба қайд гирад.
Маркази миллии тестӣ ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки тақсимоти довталабон тибқи тартиби афзалияти ихтисосҳои интихобшуда анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як довталаб танҳо аз рӯи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш соҳиби роҳхат мегардад.
Маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳои озмун дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ва сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ дастрас хоҳад шуд.
