Дар ин форум занони соҳибкор аз 7 шаҳру ноҳияи минтақаи кӯҳистон ширкат намуда, дастовардҳо, молу маҳсулот ва маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони занони соҳибкор аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш иштирок намуда, дастовардҳо, молу маҳсулот ва маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар намоишгоҳ иштирокчиён маҳсулоти гуногуни истеҳсолнамудаи худро, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намунаҳои ҳунару эҷоди хешро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Ин иқдом барои муаррифии имкониятҳои истеҳсолии занони соҳибкор, табодули таҷриба ва пайдо намудани роҳҳои нави рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Қайд гардид, ки нақши занони соҳибкори водӣ дар ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи бозор хеле назаррас мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои водӣ даҳҳо корхонаҳои хурди истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёфта истодааст.
Гуфта шуд, ки ҳоло шумораи соҳибкорзанони фаъол дар ҷумҳурӣ ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Дар форум ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва дар партави ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба муҳлати ду соли дигар тамдид карда шуд. Ин иқдом ба пешрафти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Чунин форумҳо имкон медиҳанд, ки занони фаъолу ташаббускор маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, бо ҳамкасбони худ робитаҳои судманд барқарор созанд ва таҷрибаи пешқадамро омӯзанд.
Баргузории форум бори дигар нишон дод, ки занони минтақаи Рашт дар баробари иҷрои масъулиятҳои оилавӣ, инчунин дар рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши муҳим доранд.
Фазлиддин Муҳамадбеков,
ноҳияи Рашт
