6 марти 2026 дар шаҳри Сеул сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо мудири иҷроияи Созмони ҳамкориҳо дар соҳаи ҷангали Осиё (AFoCO) Чонгҳо Парк вохурӣ намуд.
Дар ин бораСафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар дода, менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар доираи AFoCO қайд намуда, масъалаи амалишавии лоиҳаҳои ҷориро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
