Асрор Воҳидов муштзани украиниро ба нокаут фиристонд

Дар мусобиқаи RCC Boxing муштзани тоҷик – Асрор Воҳидов ҳарифи украинии худ – Данило Савченкоро шикаст дода, ғолиби мусобиқа гашт.
Тавре аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ додаанд, ин варзишгари тоҷик дар майдрн  аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро ба нокаут фиристонд. Дар ин вохӯрии ҷолиб, ки ҳазорон мухлисон, ҳаводорон ва дилбохтагони ин намуди зебои варзиш ҳунари Асрор Воҳидовро тамошо ва бо нидоҳои аҳсану офарин тарафдориаш мекарданд, ӯ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб гардид.
Бояд гуфт, ки Асрор Воҳидов соли 2011 унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 48 кило байни наврасонро ба даст овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *