Имрӯз сешанбе, 8 декабри соли 2020 аст. То охири сол танҳо 23 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Обу ҳаво
– Вилояти Хатлон. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҳавои абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона -1+4° мешавад. Ҳарорати дар шаҳри Бохтар шабона 1+3° гарм, рӯзона 3+5° гарм ва дар шаҳри Кӯлоб шабона 1+3° гарм, рӯзона 2+4° гарм мешавад.
– ВМКБ. Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 1-6° хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво -1+4°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 10-15° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 18-23 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 1-6° хунук мешавад. Дар Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 1+3° гарм ва дар Мурғоб ҳаво шабона 10-12° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.
– Вилояти Суғд. Обуҳавошиносон иттилоъ медиҳанд, ки дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бошад, боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -3+2° мешавад. Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
– НТҶ. Имрӯз дар минтақаи НТҶ ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бошиддаттар ба амал омада, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, (дар ноҳияи Ҷиргатол 6-8 хунук), рӯзона -1+4° мешавад. Ҳавои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар санаи 8 декабри соли 2020 абрнок шуда, боришот ( борон бо гузариш ба барфи тар) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво бошад, шабона 1+3° гарм, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ |
1 евро – 13.7182сомонӣ |
1 рубли русӣ — 0.1522 сомонӣ |
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
– Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» чор сол пеш, дар ҳамин рӯзи соли 2016 ба истифода дода шуд. Сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2» бо иқтидори 100 мегаватт моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 бо иқтидори умумии 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.
– 8 декабри соли 1965 корхонаи коркарди шири «Шири Душанбе» ба кори худ оғоз кард.
– Созмони Милали Муттаҳид 71 сол муқаддам, 8 декабри соли 1949 аз абарқудратон даъват ба амал овард, то истиқлоли сиёсии Чинро эътироф кунанд.
– Ҳамин рӯзи соли 1955 Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Урупо парчами расмии ин ниҳодро тасдиқ кард, ки он минбаъд чун мерос ба Иттиҳоди Урупо гузашт.
– Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 пош хӯрд, ки ин руйдод ба 8 декабр рост меояд. Сарони кишварҳои Русия (Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро бекор намуданд.
Неъмат САЛИМЗОДА,
www.radiotoj.tj