Дирӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба ифтихори З4 — умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни суханронии худ иброз дошт, ки «Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми З4 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад». Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки «аз ҳисоби татбиқи амалии меъёрҳои иловатан муқарраршуда 1 500,6 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид гардидаанд. Ҳамзамон, омили дигари барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ин дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои дар доираи барномаҳои миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва 2025-2029 пешбинишуда ба ҳисоб меравад».
Дар охири ҳамоиши тантанавӣ бо дарназардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият, як зумра кормандони ин мақомот барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишони «Аълочии мақомоти гумрук» ва Ифтихорнома», «Раҳматнома», рутбаҳои махсуси навбатии Хадамоти гумрук сарфароз гардиданд.
Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”
