Баррасии иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» дар Академияи идоракунии давлатӣ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он  иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус Академияи идоракунии давлатӣ  хабар додааст.

Ноиби якуми ректори академия Фирдавс Одиназода иброз намуд, ки дар академия барои таъмини иҷрои бандҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ба тасвиб расида, корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бахусус барои ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шахсони мутасаддӣ оид ба таъмини иҷрои стратегия аз тарафи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда бо коррупсияи академия машғулияти такмили ихтисос ва тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ёсуман Акрамзода доир ба ҷараёни иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ба роҳ мондани методологияи ошкор ва бартарафнамоии хавфҳои коррупсионӣ дар фаъолияти муассиса, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон дар самти поквиҷдонӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ таклифҳои  муфид пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар давлат монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон — нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меоранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти амалисозии сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия тақвият бахшида шуда, чунин суҳбату вохӯриҳо минбаъд низ баргузор карда мешаванд.