22 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти гумрук муайян гардидааст.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон иттилоъ доданд, Хадамоти гумрук ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи гумрук ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, чораҳои бетаъхир андешида истодааст. Дар соли 2025, бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ, аз ҷониби Хадамоти гумрук бо мақомоти гумруки дигар кишварҳо 42 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ, мубодилаи маълумоти гумрукӣ ва дар дигар самтҳои афзалиятнок таҳия гардида, барои баррасӣ ба мақомоти гумруки Аморати Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, ҷумҳуриҳои Арманистон, Ҳиндустон, Корея, Ҷопон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Чин, Эрон, Туркманистон, Гурҷистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Малайзия, Сингапур, Индонезия, Таиланд, Федератсияи Россия, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва чаҳорчӯбаи Осиёи Марказӣ — Чин тариқи роҳҳои дипломатӣ пешниҳод шуданд. Дар соли 2025 дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима ба маблағи 9 292 677 сомонӣ таъйин ва пурра рӯёнида шуд, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1 171 638 сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар 367 ҳолат ба маблағи 6 598 021 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд. Инчунин дар натиҷаи фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар соли 2025, аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук 1 172 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор ва 38,9 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян гардида, маблағи 37,1 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.
Илова бар ин, 29 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба маблағи 52 950 сомонӣ ҷарима таъйин ва ситонида шудааст. Бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудану рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ин раванд, аз моҳи марти соли 2025 дар Хадамоти гумрук Барномаи нави миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои соли 2025-2029 мавриди амал қарор дода шуд, ки татбиқи амалии он идомаи мантиқии Барномаи қаблӣ хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 таъсис дода шуда, баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук, ки бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ муқаррар гаштаанду ба такмили маъмуригардонии гумрук равона шудаанд, тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои муайянеро анҷом додаст.
Гулру Ниёзова
радиои «Тоҷикистон»
