Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар ин хусус аз маркази матбуотии МИҲД-и ноҳияи мазкур иттилоъ доданд.
Ба маълумоти манбаъ, зимни вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуд. Инчунин дар идома ҳозирин доири мавзуъҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ҷалби волидон ба таълиму тарбияи дурусти фарзанд, дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” инчунин оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ, пешгирӣ кардани хариду фурӯши одамон, нашъамандӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар гардид.
Дар фароварди вохурӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба саволҳои сокинони ноҳия оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас доданд.
Олуфта Шарипова
радиои «Тоҷикистон»
