Санаи 7 декабри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои котиботи матбуотии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи муқарарроти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон омода гардидааст. Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 352 (Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ) ва 771 (Хулоса ва нишондоди мутахассис) илова карда мешаванд.
«Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб-Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳайати панҷ нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд» – омадааст дар хабар.