Номаи шодбошии Владимир Путин ба ҳашт нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон

Ҳашт нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи Рӯзи оғози ҳуҷуми ҷавобии ҳамлаи муқовимати неруҳои шӯравӣ бар зидди истилогарони фашистӣ дар набарди назди Москва барои корнамоиҳояшон дар роҳи ҳаёти наслҳои оянда ва аз номи Президенти Россия Владимир Путин номаи шодбошӣ ва туҳфаҳои пулӣ гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов собиқадорони ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони фронт аз Тоҷикистонро бо 75-умин солгарди Ғалабаи Бузург табрик намуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ лифофаҳои бо суроғаи фиристанда- «Москва. Кремл»-ро тақдим намуд.

Дипломати рус зикр кард, ки ин иқдоми пешазсолинавӣ ташаббуси шахсии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мебошад.

Сафири Россия ветеранҳоро табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва умри дароз орзу намуд. Зикр гардид, ки дар сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хотираи қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври назаррас пос дошта мешавад, эстафетаи ин пос доштани хотираи бузурги корнамоии қаҳрамононаи падарон ва бобокалоно, ки Ғалаба ба даст овардаанд, ба насли наврас расонида мешавад.

Оҳангҳои солҳои ҷанг, шеърҳо дар бораи ҷанг ва муҳосираи  собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, нависанда ва рӯзноманигори маъруфи ҷумҳурӣ, собиқадори АМИТ «Ховар» Олег Соболев садо доданд.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *