Дар асоси тасмими Ҳукумати кишвар барои баргардони шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Арабии Сурия 4 декабри 2020 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Арабии Сурия Филип Споерри ва Ҳамоҳангсози созмони мазкур Хайкухи Маргарян баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки дар мулоқот масъалаҳои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан ва расонидани кумаки лозимӣ ба онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре қабалан хабар дода будем, сафири Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода зимни як сафар ба Димишқ ва мулоқоташ бо Файсал ал-Миқдод, Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия ба ӯ номаи табрикии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифа супорид. Зимнан дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавл, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифта буд.