Паёми “Тоҷикистон”. Барфу борони марҳилавӣ ва рӯзи молиячиёну авиатсияи гражданӣ

Обу ҳаво

Салом. Имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳои вилоят боришоти борону барф ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошад, шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳавои абрноку боронӣ шуда, дар ғарби вилоят борону барф ва дар шарқи вилоят барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 0-5° то 4-9 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 1+6° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона аз 11-16° то 21-26° хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво аз 0-5° хунук то 4-9° хунук мешавад.

Ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар вилояти Суғд дар назар буда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар НТҶ дар водиҳо ҳавои абрнок пшгӯӣ мешавад. Шабона ва саҳаргоҳон боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Ҳавои пойтахт – шаҳри Душанбе шабона ва саҳаргоҳон абрнок гашта, боришоти суст (борон, барфи тар) ба амал меояд. Рӯзона БОШАД, ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Тақвими рӯз

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия. Вобаста ба ин сана метавон илова намуд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихию илмӣ, низоми молиявӣ ҳамчун низоми махсуси муносибатҳои иқтисодӣ ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳову Кушониён, Ашкониёну Сосониён ва Сомониён ташкил ва рушд ёфта, барои тақсимот ва азнавтақсимкунии захираҳои молию пулӣ ва бо мақсади таъмини ниёзи аҳолӣ ва давлат хизмат кардааст. Дар маҷмӯъ, низоми идораи молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла, сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.

Ҳамзамон илова мекунем, ки моҳи декабри соли 1966 аз тарафи СММ 7 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ қабул карда шуд. Бояд донист, ки Авиатсияи гражданӣ соҳаи калидиест, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат равона шудааст. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон тақозо менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.

Неъмат САЛИМЗОДА,

www.radiotoj.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *