3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Русия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир таъин гардиданд.
Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд.
