Дар АМИТ доир ба файласуфи тоҷик, табиб ва кимиёшинос Закариёи Розӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ доир шуд

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои кишвар конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзуи «Саҳми файласуфи тоҷик, табиб ва кимиёшинос Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Конференсия бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинов бахшида ба 1160 солагии мутафаккир роҳандозӣ гардида, дар он олимону муҳаққиқон ва устодону донишомӯзони Академияи миллии илмҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар оғози конференсия Қобилҷон Хушвахтзода Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ мутафаккир ва файлассуфи тоҷик дар рушди илми кимиё нақши калон гузоштааст. Маҳсули эҷоди ин шахсияти бузург 238 адад китобу маҷмӯа ва рисолаҳоро дар бар мегирифт. Вале мутаассифона то замони мо фақат 30 асари ӯ омада расидааст, гуфт Қобилҷон Хушвахтзода президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар идома Муҳиба Маҳмадҷонова, доктори илмҳои фалсафа баромад карда, қайд намуд, ки Абубакри Розӣ яке аз пешоҳангони рушди усули Арастуии тафаккури фалсафӣ ва татбиқгари мубоҳиса ва музокираҳои илмӣ, фалсафию мантиқӣ дар шарқ буда, ин воситаро барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҳақиқат истифода мекард. Мутафаакир Абубакри Розӣ асосгузор ва инкишофдиҳандаи равияи таҷрибавию мушоҳидавӣ дар илм мебошад, илова намуд, Муҳиба Маҳмадҷонова доктори илмҳои фалсафа.

Бояд гуфт, ки Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ 28 августи соли 865 мелодӣ дар шаҳри Рай дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Мутаффакир дар замони салтанати давлати Сомониён зиндагӣ карда, дар рушди илми тиб ва фалсафа хизматҳои бузург анҷом додааст. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад. Асарҳои мондагори донишманд «Китобу-л- ҳовӣ», «Китобу-т-тиб ул-Мансурӣ», «Китобу-л чадори вал хасба», «Аттиббу-л-мулукӣ», «Тиббу-л-фуқаро» ва «Китобу-л- сирил — асрор» мебошанд.

Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»