Ҳунармандону ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Хуросони вилояти Хатлон дар давраи ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2025” миёни ҳам рақобати эҷодӣ намуданд. Тавре қаблан иттилоъ додем, то имрӯз шаҳру ноҳияҳое, ки дар даврҳои аввали озмун иштирок намудаву ба даври ниҳоии он роҳ ёфтанд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Аккашариф Ҷӯраев дар ҳузури аъзои ҳакамон ва тамошобинон ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангиву фароѓатӣ дар саҳни муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунармандону кадбонуҳо аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва Хуросони вилояти Хатлон намоиши растаи ҳунарӣ ташкил намуда, маҳсули ҳунари дастӣ ва хўрокҳои миллиро ба маърази тамошо гузоштанд. Абдусамат Хирматов – Ҳунарманди мардумӣ, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба касби сохтани доираву табл, асбобҳои зарбиӣ мусиқӣ машғул буда, дар ин фестивал маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштааст.
Барои иштирок ва сабқат ба даври сеюми фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2025” шуруъ аз саннаи 20-уми то ба имрўз 12-шаҳру ноҳияи мамлакат, ки ба ин давр роҳ ёфтанд, миёни ҳам рақобати эҷодӣ намудаанд. Тавре масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон итилоъ доданд. Саннаи 28-умми октябри соли ҷорӣ маросими ҷоизасупорӣ ва консерти ғолибони озмун баргузор мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб-2025» ҳифзи фарҳанг ва мероси моддию маънавӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ, дарёфти ҷеҳраҳои нави ҷодаи санъат ва тарбияи насли наврас дар руҳияи миллию ватандӯстӣ мебошад.
Зеваршоҳи Уктамшоҳ,
радиои “Тоҷикистон”
