3 декабри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлоси 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре дар сомонаи вазорат гуфта шудааст, иҷлосия онлайн баргузор гашта, “дар суханронии хеш С. Муҳриддин дар баробари авлавиятҳои Тоҷикистон дар се ченаки фаолияти фарогири амниятии САҲА – сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим изҳори назар карда, дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар ин маврид ёдовар шуд”.
Инчунин, вазири корҳои хориҷӣ аз кӯшишҳои барои таҳкими сохтории САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади таъмини сулҳ ва рушд дар минтақаи Созмон иброз дошт.
Бояд гуфт, ки шӯрои вазирон мақоми марказии тасмимгирӣ ва идоракунии САҲА буда, солона ба вазирони корҳои хориҷии 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА имкон медиҳад, то фаолияти созмонро баррасӣ ва арзёбӣ намуда, муколамаро дар масъалаҳои амниятӣ тақвият диҳанд.