Масъалаи таъсири манфии COVID-19 ба савдо баррасӣ гардид

Дирӯз дар ҷаласаи онлайнии Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази байналмилалии савдо (МБС) намояндагони  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дастовардҳои кишвар дар доираи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ва раванди татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) ва як қатор масъалаҳои дигар баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва Маркази байналмилалии савдо дар самти фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, таъсиси Портали савдои Тоҷикистон, бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо суханронӣ намуда, омодагии густариш намудани ҳамкориҳоро дар самтҳои қайдгардида иброз намуд.

Дар сомонаи ин мақомот, ҳамчунин гуфта шудааст, ки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, умедвории худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи бештарро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *