Бозигари фаронсавии дастаи ПСЖ, Усмон Дембеле ғолиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2025 гардид.
Шаби гузашта дар шаҳри Парижи Фаронса маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин футболбозони мавсими гузашта сурат гирифт. Ҷоиза ба беҳтаринҳо аз сӯи маҷаллаи фаронсавии “France Football” тақдим гардид.
Ҷоизаи асосии ин маросим «Тӯби тиллоӣ» буд, ки он насиби Усмон Дембеле гардид. Футболбози фаронсавӣ, мавсими гузашта бо дастаи ПСЖ ғолиби Лигаи чемпионҳо, Лигаи 1-уми Фаронса ва ғолиби Суперҷому Ҷоми Фаронса низ гардид.
Ҳамчунин дар 5-гонаи аввал футболбозони зерин ҷой пайдо карданд:
2. Лемин Ямал — бозигари «Барселона»
3. Витиня — бозингари ПСЖ
4. Муҳаммад Салоҳ — бозигари» Ливерпул»
5. Рафиня — бозигари «Барселона»
Ҷоизаҳои дигари маросим ба бозигарони зерин супорид шуд:
— Айтана Бонмати — футболбози “Барселона” ғолиби “Тӯби тиллоӣ” миёни бонувон гашт.
-Ламин Ямал, ҳамлагари дастаи «Барселона» ва тими миллии Испания ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавони нашрияи «France Football»-ро ба даст овард.
— Луис Энрике, сармураббии «ПСЖ» беҳтарин мураббии сол дониста шуд ва ҷоизаи ба номи «Йохан Кройфф»-ро соҳиб гашт.
— Ҷанлуиҷи Доннарумма беҳтарин дарвозабони мавсим эътироф гардида, ҷоизаи ба номи «Лев Яшин»-ро моли худ кард. Соли гузашта ҳам Доннарумма ин ҷоизаро ба даст оварда буд.
— Виктор Дёкереш, футболбози тими “Арсенал” ва тими миллии Португалия беҳтарин нишонзан эътироф гардид ва соҳиби ҷоизаи ба номи «Герд Мюллер» гардид.
— Дастаи “ПСЖ” аз сӯи маҷаллаи мазкур беҳтарин бошгоҳи мавсими гузашта эътироф шуд.
Рустам
Зоиров радиои “Тоҷикистон”