Дар Кумитаи давлати саромягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нишасти кории ҳайати мақомоти давлатии Тоҷикистону Эрон бо ҳузури соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Сараввал раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ тиҷоратӣ таъкид дошт, ки Эрон дар раддабандии ҳамкориҳо ҷои панҷумро ишғол менамояд ва соли 2025 савдои дуҷониба ба 500 млн. доллари амрикоӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2024 28% бештар шудааст. Айни замон бо сармояи эронӣ 170 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранду ин раванд рӯ ба афзоиш аст. Махсусан дар самти саноати коркард, энергетика, сайёҳӣ ҳамкориҳо рушд доранд.
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмуҳаммад Аттобак барои меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки соҳибкорони Эрон хоҳишманди сармоягузориҳо ба соҳаҳои маъдан, дорусозӣ, нассоҷӣ ва дигарҳо мебошанд. Номбурда ҳамагонро ба татбиқи тафоҳумномаҳои баимзорасида даъват намуд.
Сипас, аз ҷониби директори «Тоҷинвест» Дилшод Ҷӯразода имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Баъдан соҳибкорону сармоягузорон аз ҳарду ҷониб мулоқоту машварат намуда, изҳори ҳамкории судманд намуданд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
