Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 январи соли 2026, “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоли сарбозону афсарони қисми ҳарбии 02615-и Камендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд. Ба маълумоти манбаъ, дар дидорбинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Заррина, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аснои баргузории ҷорабинӣ зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвори сиёсии кишвар таъсис ёфта, бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва сохти конститутсионии кишвар ва ҳимояи марзу буми Ватан саҳми сазовор гузошта истодаанд.
О. Шарипова
радиои «Тоҷикистон»
