Тамринҳои тими миллии футболи Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа «CAFA Nations Cup» оғоз гардид

Бозигарони тими миллии Тоҷикистон омодагиҳоро ба дуюмин мусобиқаи «CAFA Nations Cup» оғоз кардаанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ машқҳои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, идома дорад.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи «CAFA Nations Cup» зери сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад ва дар он 8 мунтахаб — Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Умон (дар гурӯҳи А) ваТоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон (дар гурӯҳи В) иштирок мекунанд.
Бозии ифтитоҳии мусобиқа миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон санаи 29-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мешавад.