Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо лоиҳаи сохтмони пули мошингузар шинос шуданд

 26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт пас аз ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ноҳияи Нуробод идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз истиқболи самимии роҳбарият ва сокинони ноҳия нахуст бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд.

Иншоот аз лиҳози тарҳу услуб бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи ҷумҳурӣ буда, бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад.

Лоиҳа давоми 2 соли оянда татбиқ шуда, иҷрои он натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили дарёи Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Ташаббус ва иқдоми навбатии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди бузургтарин пули мошингузар дар водии Рашт дар амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ қадами устувор аст.

Бунёди пули мазкур дар заминаи татбиқи марҳилаи сеюми Лоиҳаи роҳи Оби гарм – Нуробод ҷавобгӯ бо талаботи байналмилалии роҳсозӣ сурат мегирад.

Барои асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи сохтмони пули мошингузар, муҳандисони ватанӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳандисону роҳсозонро барои иҷрои саривақтии корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат ва саҳм гузоштан дар табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дастуру тавсияҳо дода, барои сохтмони бузургтарин пули мошингузар санги асос гузоштанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 75 километр роҳҳои маҳаллии мумфаршшудаи деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нурободро фосилавӣ ба истифода доданд.

Ин роҳҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи масири Оби гарм – Нуробод таъмиру навсозӣ шуда, ҷамоатҳои Муҷихарф, Меҳробод, Сафедчашма ва Оби меҳнати ноҳияи Нуробод ва ҷамоати Обигарми шаҳри Роғунро ба шоҳроҳи асосӣ мепайванданд.

Ҳолати хуби ин ҷодаҳо ба беҳшавии шароити зиндагии наздик ба 100 ҳазор сокини деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод замина мегузорад.

Чун, дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасониҳои тиббӣ ва таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои пойтахт аз ҷумлаи масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки бо вазъи хуби роҳҳо вобастагии амиқ доранд.

Ин тадбир, ки дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба некуаҳволии мардум амалӣ гардид, хушҳолӣ ва сарафрозии сокинони ин деҳотро афзун намуд.

Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин лоиҳа то моҳи ноябри соли 2027 бояд пурра татбиқ карда шавад. Пули мошингузар дар оянда натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили обанбори Роғун дар маҷрои рӯди Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.