Бозигарони тими миллии олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии санҷишӣ аз ҳамсолони афғонистонии худ шикаст хӯрданд. Дидор бо як гол ба поён расид.
Дирӯз дастаҳои олимпии Тоҷикистону Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳам вохӯрии санҷишӣ доир намуданд, ки ин бозӣ бо ҳисоби 0 бар 1 бар нафъи афғонҳо ба охир расид.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ин бозӣ дар доираи омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё — 2026 доир гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби олимпии Тоҷикистон шомили гурӯҳи «К» буда, бо дастаҳои Непал 3-юми сентябр, бо Филиппин 6-уми сентябр ва бо Сурия 9-уми сентябр рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»