Яке аз омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин аз акредитатсияи байналмиллалӣ гузаронидани барномаи технологӣ ва ширкат дар рейтингҳои байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки айни замон 5 ихтисоси Донишгоҳ соҳиби Шаҳодатномаи байналмиллалӣ мебошанд. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи мазкур Раҳмозода Зоир имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Инчунин гуфта шуд, ки агар дар соли 2018 ДТТ дар рейтинг байни 40 МТОК -ии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои 12 — ро ишғол намуда бошад, пас донишгоҳ дар соли 2022 мақоми 8-умро ишғол намуд, ки афзоиши мунтазами рейтинги Донишгоҳи мазкуро тавсиф менамояд.
Ҳамзамон дар рафти нишасти хабарӣ қайд гардид, ки Донишгоҳи технологи Тоҷикистон 92 фоизи хатмкунандагони худро дар ин давра бо кор таъмин намудааст. Дар ин зимн гуфта шуд, ки соли ҷорӣ аз 476 нафар хатмкардагони шуъбаи рӯзона 157 нафар буҷавӣ, 302 нафар шартномавӣ ва 17 нафар тибқи квота, 439 нафари онҳо бо ҷои кор таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 9,8% зиёд мебошад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 282 нафар донишҷӯён аз курсҳои 1 то 4 дар баробари донишомӯзӣ дар корхонаҳо тариқи 0,5 басти корӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”