Дар ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе сатҳи ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳо зиёд шудааст.
Дар ин бора имрӯз раиси ноҳия Руслан Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ дар нимсолаи аввали соли 2025, дар ҳудуди ноҳия 486 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 адад зиёд мебошад.
«Ҷиноятҳо бештар дар категорияи авбошӣ — дуздӣ, ғоратгарӣ ва қалобӣ ба қайд гирифташудаанд» — изҳор намуд Руслан Қодирзода. Ҳамзамон масъулин аз зиёд шудани сатҳи ҷудошавии оилаҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хабар доданд. Ба иттилои манбаъ бекор гардидани ақди никоҳ дар нимсолаи аввали соли 2025, 136 ададро ташкил додааст, ки 44 адад зиёд мебошад. Ба гуфтаи масълуин бештари оилаҳои ҷудошударо ҷавонон ташкил медиҳанд.
Зоирзода Р.
радиои «Тоҷикистон»