Ба иттилои шабакаи телевизионии “Al Jazeera” беш аз сад кишоварзу моҳигир рӯзи 28 ноябр дар рустои Кошобе дар наздикии шаҳри Майдугурӣ, воқеъ дар шимолу шарқи Нигерия қатл ом шуданд. Муттаҳами аслии ин ҷиноят гурӯҳи ифротии “Боко ҳаром” аст.
Едвард Каллон ҳамоҳангкунандаи башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Нигерия, як рӯз пас аз ин куштор, шумораи қурбониёнро ҳадди ақал 110 нафар эълом кард ва гуфт, ки шумори зиёде низ дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин қатли ом ҳамзамон бо баргузории нахустин интихоботи маҳаллӣ дар иёлати Борно рух дод, иёлате, ки гурӯҳи “Боко ҳаром” дар соли 2009 дар он шӯриши мусаллаҳонаи худ алайҳи давлати марказии Нигерияро оғоз кард.
Мақомҳои маҳаллии пештар дар шомгоҳи 28 ноябр эълом карда буданд, ки дасти кам 43 нафар дар ҷараёни ҳамла ба хона ва кошонаи кишоварзон кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Рейтерс, муҳоҷимон сари ҳудуди 30 нафар аз қурбониёнро буридаанд.
Муҳамад Буҳорӣ, раиси ҷумҳурии Нигерияи шомгоҳи 28 ноябр бо судури баёнияе гуфт, ки тамоми мардуми ин кишвар аз ин ҷиноят мутаассир шудаанд. Бояд гуф, ки моҳи гузашта низ бист кишоварзи дигар дар мазраае дар ҳамин минтақа кушта шуданд.
Шимолу шарқи Нигерия, яке аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳҳои ифротӣ аст. Илова “Боко ҳаром”, шохаи ғарби африқоии ДОИШ ҳам дар ин минтақа ба шиддат фаъоли аст. Аз замони шурӯи ҷанги дохилӣ дар Нигерия дар соли 2008, беш аз 36 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам 2 миллион нафар аз хонау кошонаи худ овора шудаанд.