Бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол ба хотири поси хотири Диего Армандо Марадона, ки дар сини 60-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт, бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз гардида, дар тамоми бозиҳои ин давр дар дақиқаи 10-ум бозӣ нигоҳ дошта шуд, ки ин низ арҷгузорӣ ба хотири бузургдошти Марадона буд.
Дар ин давр бошгоҳи «Латсио» дар майдонаш тими «Уденезе»-ро пазироӣ кард. Гарчанде дар ин вохӯрӣ шогирдони Симоне Индзаги як сару гардан аз рақиби худ тими «Уденезе» боло буданд, аммо аз дастаи рақиб бо натиҷаи 1:3 шикаст хурданд.
Тими «Милан» дар майдонаш дастаи «Фиорентина»-ро пазируфт. Соҳибони майдон дар ин сабқат рақиби худро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Баъди ин пирӯзӣ шогирдони Стефано Пиоли бо касби 23 имтиёз садрнишини ҷадвал шуданд.
Тими «Болоня» дар майдонаш дастаи «Кротоне»-ро қабул кард. Дар ин вохӯрӣ дар нимаи аввал соҳибони майдон як гол ба дарвозаи рақиб заданд. Дар нимаи дуюми бози ҳарчанд ҳарду даста талош карданд, ки ба задании гол даст ёбанд, аммо ба онҳо ин муяйсар нагардид.
Дастаи «Каляри» дар даври 9-уми Серия А-и Италия дар майдонаш тими «Спесия»-ро пазироӣ кард. Ин бозӣ яке аз бозиҳои ҷолиби давр ба ҳисоб мерафт. Дар нимаи аввал меҳмонон нахустин шуда ба задани гол даст ёфтанд. Аммо дар нимаи дуюми бозӣ то дақиқаи 58-уми ҳамлагарони дастаи «Каляри» Жоао Педро ва Паволетти ду маротиба дарвозаи рақибро рахна карда, дастаи худро ба пеш бароварданд. Аммо дар дақиқаҳои иловагӣ меҳмонон аз зарбаи 11- метра як голи дигар ба дарвозаи рақиб зада, ҳисоби бозиро 2:2 карданд.
Бошгоҳи «Наполи», ки дар он Диего Армандо Марадона фаъолият кардааст, як рӯз пеш аз оғози рақобат чароғоҳои майдони худро рӯшан кард ва ба ин хотир поси хотири Марадонаро қадр намуд. Дар ин давр, ҳамаи бозингарони тими «Наполи» бо рақами 10 ба майдон баромаданд. Чун Марадона бо ин рақам дар “Наполи” бозӣ кардааст. Ин амалҳо нишон медиҳад, ки Диего Армандо Марадона дар ҷаҳони дирӯзу имрӯз ҷойгоҳи хоси худро дошту дорад. Тими «Наполи» дар майдонаш бо дастаи «Рома» рақобат карда, дарвозаи рақибро голборон кард. Бозингарони соҳибони майдон ба дарвозат рақиб 4 голи беҷавоб зада, ғолибияти комилро ба даст оварданд. Шогирдони Антонио Конте дар сафар бо дастаи «Сассуоло» ба майдон баромада тими рақибро бо ҳисоби 0:3 мағлуб карданд.
Бошгоҳи маъруфи «Ювентус» дар сафар бо тими «Беневенто» майдондорӣ кард. Вохурӣ бо натиҷаи 1:1 ҷамъбаст гардид. Баъди ин мусовӣ сармурабии тими «Ювентус» Андрей Пирло гуфтааст, ки яке аз сабабҳои мусовии ин бозӣ иштирок накардани Криштиан Ронлду будааст. Тими «Аталанта» дар майдонаш аз дастаи «Верона» мағлуб гардид. Ду бозии дигар дар даври 9-уми серияи А-и Италия боқӣ мондааст, ки ин дидори тимҳои Торино – Сампдория, Дженоа – Парма аст, ки и н шом баргузор мегардад.
Cаъдӣ Ғоибов
радиои “Тоҷикистон”