Солҳои қабли яке аз мушкилиҳои асосӣ соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ин пайвастшавии муассисаҳои таълими ба шабакаи ягонаи гармидиҳи буд. Ба иттилои масъулини сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавсими имсола тибқи нақшаи маркази шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе 157 иншооти соҳаи маорифи пойтахт барои қабули гарми пешниҳод шуда буд. Нақшаи муайяншуда 100% иҷро шуда, иловатан 8 муасисаи таълимии дигар ба шабакаи гармидиҳи пайваст шуданд.
Ба иттилои мудири шуъбаи ба нақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияи иҷрои буҷет ва таъминоти моддӣ-техникии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Абдураҳим Каримов аз 165 муасисаи соҳаи маориф, ки ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваста аст, 33 муассиса ба ноҳияи Шохмансур, 13 муасиса ба ноҳияи Фирдавсӣ, 75 муасиса ба ноҳияи Сино, 29 иншоот ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 10 тои дигар ба муасисаи тобеъи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рост меояд.
Мувофиқи иттилои масулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе айни замон 47 муасисаи соҳаи маорифи пойтахт дорои дегхонаҳои барқии ҷудогона буда, ҳамсола дар мавсими зимистон аз онҳо истифода карда мешавад. Ба иттилои Фозил Қосимов омӯзгор аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 21-и шаҳри Душанбе ҳамзамон ба хотири андешидани чораҳои эҳтиётӣ ва эҳтимолӣ сузишворӣ ва ангишт захира гардида, генераторҳои барқӣ низ дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар маҷмуъ дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тадбирҳои соҳавӣ дар асоси нишондоди қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаолияти мумтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳи зимистони солҳои 2020- 2021 тадбирҳои зарури андешида шуда, як қатор корҳо ба сомон расонидаанд.
Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”