27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қитъаи роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст.
Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмиллалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.
Бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони байналмилалӣ корҳои таҷдиди роҳ, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар дар шароити мураккаби релефи кӯҳӣ ба анҷом расида, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва иртиботи минтақаҳоро таъмин менамоянд.
Сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми аҳолии деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи беназири инсонпарварона нисбати рушди устувор ва беҳбудии зиндагии сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми минтақаи кӯҳистони вилоят сипосу миннатдорӣ баён менамоянд.
Зеро соли 2015 дар натиҷаи рух додани ҳодисаи табиӣ роҳи ин мавзеъ зери об монда, рафтуомади мардум бо мушкили мувоҷеҳ шуда буд.
Маҳз бо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дар муддати кутоҳ ин роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ навсозӣ шуда, барои бехатарии мардум долони зидди тармавӣ ва иловатан пули мошингузар сохта шуд.
Бояд гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа намунаи равшани сиёсати давлат дар самти ҳамбастагӣ бо мардум, таъмини дастрасӣ ба роҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳадафмандона амалӣ гардид.