27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хуштарҳ ва замонавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бунёд гардида, дорои шароити хуби кору хизматрасонӣ мебошад.
Бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нав дорои 150 ҳуҷраи корӣ барои 300 нафар, толори маҷлис барои 400 нафар ва толори хурди маҷлисӣ мебошад.
Бино, инчунин, бо тамоми инфрасохтор аз қабили системаи гармидиҳӣ дар фасли зимистон, таваққуфгоҳ, зеристгоҳи барқӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмин буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.
Дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудааст. Ороиши зоҳирии иншоот бо истифода аз гранит, тахтасангҳои хоро ва мармар сурат гирифта, намои бино бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ва ороиши миллию ҷаҳонӣ зиннат дода шудааст.
Барои зебу зиннати дохили бино аз кандакориҳои рӯи гаҷ, панелҳо аз навъи чубҳои қимматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ дар пешоруйи 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз бинои нав зикр карданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вазифадоранд, ки дар татбиқи ҳадафҳои неки ҳукумати мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешбурди корҳои созандагиву ободонӣ саҳми беш аз пеш гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти ниёзи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба бинои замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 барои оғози бунёди он санги асос гузошта буданд.
Бинои пештараи мақомоти шаҳр дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур ба талаботи фаъолияти корӣ чандон ҷавобгӯ набуд.
Қомат афрохтани бинои наву замонавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар яке аз кӯчаҳои марказию маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ороиши бештари шаҳри Хоруғ мусоидат кардааст.