25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунин аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дидан намуданд.
Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудааст.
Дар ин мавзеъи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд шудааст.
Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чуб сохташуда минбаъд, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешавад.
Ба таъкиди таърихшиносон аз 3 ҳазор сол пеш ин ҷониб мардуми тоҷик, ба хусус сокинони кӯҳистони Бадахшон дар деҳот ҳамин гуна зиндагӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҷо ҳамзамон аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, Хатлон ва Суғд ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва хурокҳои миллӣ муаррифӣ шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки вазъияти душвори замони муосир моро водор месозад, ки ба қадри тинҷию оромии Ватан бирасем, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳангу таърихи пурғановат усутуворона қадам гузорем ва саҳми худро ҳамчун фарзандони содиқи диёр дар ободии кишварамон гузорем.
Дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад.
Таҷҳизоти махсуси истеҳсоли гулоб, ки тавассути он аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, атриёт, шароб ва маводи доруворӣ омода мешавад, муаррифӣ гардид.
Деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз боду ҳавои форам, чашмаҳои табобатӣ ва манзараҳои табиӣ дорад, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Дар ин ҷо бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарварӣ, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъӣ, комплекси сайёҳӣ, хонаи этнографӣ ва дигар иншооти замонавӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин ҷо наздики 100 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.