Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо ятимон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд мулоқот намуданд

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Тавре таъкид гардид, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори он ва таъмини зиндагии хубтару беҳтари ин қишри осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд.

Зимни мулоқот ба ятимону нафарони дорои имконияти маҳдуд дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, ба онҳо сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Вохӯриҳои пайваста бо ятимони кулл ва шахсони имконияташон маҳдуд собит менамоянд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат қарор доранд. Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии ятимону маъюбон дар кишвар консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд ва барои марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба ятимону маъюбон заминаи мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Зимни сӯҳбати самимӣ бо ин қишри осебпазири ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон барои таълиму тарбияи хуб ва ба камол расидани онҳо ҳама шароитро муҳайё месозад.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии маъюбон дар кишвар марказҳои тиббию иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки хизматрасониҳои онҳо дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия таъмин мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимону маъюбони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз суҳбати самимӣ ороста изҳор доштанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро бесаробон ҳис накарда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илму дониш, кор бо технология, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар омӯзанд, то дар оянда барои халқу ватани худ хизмат намуда, сазовори зиндагии шоиста гарданд.

Мулоқоти самимии имрӯзаро ин қишри ҷомеа натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар маънидод карда, таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо орзую нақшаҳои худ пайванд сохтанд.