“Asia-Plus”: Дар Осиёи Марказӣ давоми панҷ соли оянда хушксолӣ пешгӯӣ мешавад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла бозтоби натиҷаҳои аввалин конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе, тағйирот ба қонунҳои Тоҷикистон дар бораи маориф ва таҳсилоти иловагӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 июн мақолае бо номи “Ҳифзи пиряхҳо. Истиқболи гарми меҳмонон аз ташаббуси зиндагисози Тоҷикистон” чоп кардааст.

Муаллиф дар ин матлаб менависад, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо боз як саҳифаи нав дар ҳалли мушкилоти умдаи дунё аст, ки охири моҳи май Тоҷикистон мизбони он буд. Дар доираи ин конфонс меҳмонони воломақом ба шаҳри Душанбе омада, бо Сарвари давлат вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Аз ҷумла, муовини раҳбари Бонки осиёии рушд Ингминг Янг иброз дошт, ки коҳишёбӣ ва нобудшавии пиряхҳо ба ҳаёт ва зиндагии зиёда аз 2 миллиард аҳолии сайёра таҳдид мекунад. Номбурда ҳамзамон, иттилоъ дод, ки солҳои оянда Бонки осиёии рушд барои ҳимоят аз нуҳ кишвари осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим, беш аз 3,5 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард.

Ба хулосаи муаллиф, дар умум ин конфронс, дар баробари он ки роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳонро ба гӯши аҳли башар расонид, ҳамчунин дар боло рафтани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ нақши муассир гузошт.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 июн матлабе таҳти унвони “Содироти машруботи Тоҷикистон. Даркушоӣ кунем, на дарбандӣ” нашр кардааст. Муаллиф менависад, бори чандум аст, ки моро дар Россия аз нӯшобаҳои Тоҷикистон мепурсиданд. Вале, мутаассифона, ҳар навъи онро, ки хоҳиш мекарданд, пайдо намуданаш имкон надошт.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ислом Гадобоев, ҷонишини раҳбари “Заводи машруботбарории Душанбе” дархостҳо аз хориҷ барои дастрас кардани машруботи Тоҷикистон зиёд аст. Аз ҷумла соли 2023 аз як ширкат аз Куриёи Ҷанубӣ 40 вагон машрубот фармоиш дод, аммо бо сабаби надоштани иҷозати содирот ин дархости муштариён қонеъ нашуд.

Гутфа мешавад, ки айни замон “Заводи машруботбарории Душанбе” 40 номгӯи машрубот истеҳсол мекунад, ки танҳо ба бозори дохилӣ ворид мегардад. Муаллиф дар хулоса мегӯяд, дар ҳоле ки воридкунандагони машруботи хориҷӣ кам нестанд, чӣ мушкил дорад, ки бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ маҳдудиятҳои мавҷударо дар самти содироти он таҷдиди назар намоем?

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 11 июн хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба се қонун тағйирот ворид шуд.

Вакилони мардумӣ дар ин ҷаласа аз ҷумла ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маориф», тағйиро ворид намуданд, ки ҳадафи он бартараф кардани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ ва ихтисосманд гардонидани омӯзгорони ғайриихтисос аст.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамчун таҳсилоти иловагии баъдидипломӣ ҷиҳати бо тахассуси нави педагогӣ мутобиқгардонӣ, ихтисосманд, ҳавасманд ва беҳтар намудани сифати таҳсилот ба роҳ монда мешавад.  Дар робита ба ҳамин масъала ҳамчунин ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” низ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Дар баробари ин вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи рӯзи 11 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» низ тағйиру илова ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот дар сурати зиёда аз 3 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ, масоҳати қитъаи замин барои сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ то 0,01 гектар пешниҳод мешавад.

Гуфта мешавад, ки кам намудани масоҳати қитъаи замин барои сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ имкон медиҳад, ки дар қитъаҳои замини таъиноти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ сохтмонҳои капиталӣ пешгирӣ ва истифодаи самараноки онҳо таъмин карда шавад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 июн матлабе бо номи “Таъмирпулӣ ҷамъ накунед!” чоп карда, масъалаи пулситонӣ дар мактабҳои миёнаро матраҳ кардааст. Муаллиф менависад, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ накунанд. Ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо омӯзгорони як мактаб дар вилояти Хатлон таъкид кардааст.

Ҳангоми суҳбат вазир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ ва манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса таъкид кардааст.

Зикр мешавад, ки қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе низ ҳушдор дода буд, ки ҷамъоварии ҳама намуди маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин бо нашри матлабе хабар дод, ки дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 11,6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Зикр мешавад, ки ин нуктаро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд изҳор дошт.

Зимнан, дар ҳошияи форум сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷиро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” даъват кард. Дар назар аст, ки ин форум моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ҳошияи форум мулоқоти сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ баргузор шуд. Ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судмандро ситоиш намуда, дурнамои густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва энергетикиро умедбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 12 июн изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳарорати Осиёи Миёна аз меъёр зиёд гарм мешавад. Ба навиштаи нашрия, дар гузоришҳои нави Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ҳушдор дода мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва боришоти ноустувор мутобиқ шаванд, вагарна хатарҳо ба об, кишоварзӣ ва энергетика афзоиш хоҳанд ёфт.

Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ пешгӯии дарозмуддатро таҳти унвони “Дурнамои иқлим барои солҳои 2025-2029” нашр кардааст, ки тибқи он Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар панҷ соли оянда гармии доимӣ ва боришоти ноустувор интизор аст.

Дар ин замина зикр мешавад, ки обшавии босуръати пиряхҳои куҳӣ, аз ҷумла пиряхҳои Помир, ки маҷрои оби Вахш ва Амударё ба онҳо вобаста аст, боиси нигаронӣ аст. Аз байн рафтани пиряхҳо бошад маънои хатари норасоии обро дорад ва аз нав дида баромадани сиёсати обӣ дар Осиёи Марказиро тақозо мекунад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”