Ҳавопаймои мусофирбар дар Ҳиндустон суқут кард: 242 нафар ҳалок гардид

Ҳавопаймои Boeing 787-8 Dreamliner мутаалиқ ба ширкати Air India пас аз парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон суқут кард. Дар ҳавопаймо 242 нафар буданд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳамаи онҳо фавтидаанд. Шабакаи телевизинии ББС бо такя ба манобеъи маҳаллӣ хабар додаасст, ки дар ин садама касе наҷот наёфтааст.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ, ҳавопаймо ба фурудгоҳи Гатвики Лондон парвоз мекард. Сабаби аслии садама то ҳол маълум нест: Ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки мо дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти онро таҳқиқ дорем. Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо 230 мусофир 53 бритониёӣ, 169 ҳиндӣ, як канадагӣ ва ҳафт португалӣ), инчунин ду сарнишин ва ва 10 аъзои сарнишин қарор доштанд.

Раиси Идораи авиатсияи граждании Ҳиндустон Файз Аҳмад Кидвай дар суҳбат ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс тасдиқ кардааст, ки ҳавопаймо дар як маҳаллаи истиқоматӣ бо номи Мегани Нагар суқут кардааст. Flightradar24 тавзеҳ медиҳад, ки парвоз тавассути ҳавопаймои Boeing 787-8 Dreamliner мебоист соати 09:50 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода шавад, аммо парвоз каме ба таъхир афтод. Як афсари баландпояи пулиси шаҳр дертар ба хабаргузории маҳаллии ANI гуфт, ки ҳавопаймо ба хобгоҳе, ки пизишкони маҳаллӣ ҷойгиранд, суқут кардааст.

Бино ба маълумоти мақомоти маҳаллӣ алаккай барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва кумак гурӯҳҳои наҷот сафарбар шудаанд. Роҳҳои атрофи фурудгоҳ баста шуда, хадамоти изтирорӣ то ҳол талош доранд, ки сӯхторро хомӯш кунанд. Наҷотдиҳандагон ба берун овардани ҷасадҳо шурӯъ кардаанд, вале то ҳол тасдиқи расмии ин садама ва теъдоди қурбониён мушаххас нагардидааст. Ба гуфтаи коршиносон, дар вақти парвоз шароити обу ҳаво хеле хуб буд. Аз ин хотир ҳеҷ далеле дар бораи тӯфон ё дигар шароити номусоид обу ҳаво, ки метавонад ба ин ҳодиса сабаб шавад, вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли гузашта низ як ҳавопаймои Boeing 787 мутаалиқ ба  ширкати ҳавопаймоии Чилӣ LATAM ҳангоми парвоз дар баҳри Тасман суқут намуда, боиси ҳалокати 12 нафар, гардид.